«Эсхата Лизинг» бо ширкати «BlueOrchard» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд

«Эсхата Лизинг» бо ширкати «BlueOrchard» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд

Маросими имзои созишнома дар доираи Конфронси миллӣ таҳти унвони «Фарогирии молиявӣ: тамоюлҳои ҷаҳонӣ, имкониятҳо ва таҷрибаҳои беҳтарин», ки аз ҷониби Ассотсиатсияи ташкилотҳои микромолиявии Тоҷикистон (АМФОТ) ташкил гардида буд, баргузор шуд. Ҳаҷми созишномаи қарзӣ 1,5 миллион евро буда, муҳлати қарз 2 солро ташкил медиҳад. Ин аввалин ва созишномаи муҳими ҳамкорӣ бо ширкати «BlueOrchard» ба ҳисоб меравад.

Сармоягузориҳои «BlueOrchard» ба «Эсхата Лизинг» имкон медиҳанд, ки дастрасӣ ба хизматрасониҳои лизингӣ барои соҳибкорон, соҳибони корхонаҳои хурд, миёна ва калон васеъ гардида, инчунин ба афзоиши портфели лизингии ширкат мусоидат намоянд.

Мизоҷони ширкати лизингӣ метавонанд тавассути лизинг мошинҳои боркаш, техникаи махсус, техникаи сохтмонӣ ва таҷҳизотро дастрас намоянд. Дастгирии соҳибкорони инфиродӣ ва корхонаҳои хурд, миёна ва калон яке аз вазифаҳои стратегии «Эсхата Лизинг» мебошад.

Дар ин замина, ширкат пайваста имкониятҳои нави ҷалби захираҳои молиявиро ҷустуҷӯ менамояд. «Мо аз созишномаи аввалини шарикӣ бо BlueOrchard хеле хушҳолем ва умед дорем, ки ҳамкориҳои минбаъда ба амалӣ гардидани ҳадафҳои умумӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи Стратегияи чоруми миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон — саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат хоҳанд кард», — қайд намуд директори ширкати лизингӣ Суҳроб Саидуллаев.

Намояндаи BlueOrchard Анвар Мамараджабов зикр кард: «Мо аз ҳамкорӣ бо Эсхата Лизинг, муассисае, ки ба бахше хизмат мерасонад, ки то андозае нодида гирифта шудааст, қаноатмандем. Мо бесаброна интизори дастгирии рушди онҳо ва дар маҷмӯъ бахши ММCБ дар Тоҷикистон ҳастем».

Маълумотнома:
«Эсхата Лизинг» 100% ширкати фаръии ҶСК «БОНК ЭСХАТА» мебошад. Ширкати «Эсхата Лизинг» соли 2018 таъсис ёфта, имрӯз ҳамчун ширкати универсалии лизингӣ бо таҷрибаи ғанӣ дар соҳаи лизинг ва пешниҳоди доираи васеи хизматрасониҳо дар тамоми қаламрави Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Айни замон портфели «Эсхата Лизинг» тақрибан 40 миллион сомони ва сармояи ширкат 30 миллион сомониро ташкил медиҳад.

BlueOrchard — ширкати пешбари байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии сармоягузорӣ мебошад. Ҳамчун сармоягузори пешсаф бо таъсири иҷтимоӣ, ширкат ба фароҳам овардани таъсири мусбати дарозмуддат ба ҷомеа ва муҳити зист равона шудааст.

Ширкати BlueOrchard соли 2001 бо ташаббуси СММ ҳамчун аввалин менеҷери тиҷоратии сармоягузориҳои қарзии микромолиявӣ дар ҷаҳон таъсис ёфтааст. Имрӯз BlueOrchard барои синфҳои гуногуни дороиҳо қарорҳои самараноки сармоягузориро пешниҳод намуда, миллионҳо соҳибкоронро дар бозорҳои рушдёбанда ва марзӣ бо сармоягузорон мепайвандад.

Мубодилаи ахбор

Пайвандро нусхабардорӣ кунед, то ин ахборро фиристед

Инчунин хонед

Эсхата Лизинг расширяет команду!

Эсхата Лизинг расширяет команду!

Мы приглашаем специалистов на следующие вакансии: — Менеджер по продажам — Специалист по сопровождению лизинговых договоров — Продавец-консультант в офисах партнёров — Юрист — Специалист по работе с просроченными договорами

Эсхата Лизинг дар фестивали байналмилалии SHANTUI дар Чин

Эсхата Лизинг дар фестивали байналмилалии SHANTUI дар Чин

17–18 июн дар шаҳри Ҷинан, Чин, Эсхата Лизинг бо даъвати шарики худ ТИТ СИМО дар аввалин фестивали байналмилалии SHANTUI барои мизоҷон ва шарикон иштирок намуд, ки ба навовариҳо дар соҳаи техникаи махсус бахшида шуда буд.

Маълумоти тамос

Тафсилоти техника

Паём