ЛИЗИНГИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ

Лизинги панелҳои офтобӣ имконияти фоиданок барои гузаштан ба энергияи барқароршаванда бидуни хароҷоти калони ибтидоӣ мебошад. Неругоҳи муосири офтобиро ба лизинг гирифта, аз имрӯз ба сарфаи қувваи барқ оғоз намоед. Ҳамроҳии пурраи шартнома, аз ҷумла насб ва ба истифода супоридани таҷҳизот.

ЛИЗИНГИ ТАҶҲИЗОТ

Лизинги таҷҳизот ин иҷораи дарозмуддат бо пардохтҳои ҳармоҳа ва имконияти минбаъд харидории таҷҳизот бо арзиши боқимонда мебошад.

ЛИЗИНГИ ТЕХНИКАИ МАХСУС

Лизинги техникаи махсус варианти беҳтарин ба ҳисоб меравад, зеро он нисбат ба қарз осонтар ва фоиданоктар буда, ҳамчун як навъ пардохти қисмӣ амал мекунад. Пас аз анҷоми шартнома техникаи махсус пурра харидорӣ карда мешавад. Лизинг барои шахсоне, ки мехоҳанд тиҷорати худро оғоз намоянд, вале сармояи калон надоранд, хеле мувофиқ аст.

Маҳсулот

Лизинги техникаи махсус
01
Лизинги техникаи махсус

Лизинги техникаи махсуси сохтмонӣ имкон медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳ парки шахсии худ аз самосвалҳо, погрузчикҳо, экскаваторҳо ва ғайра ташаккул дода шавад.

Лизинги нақлиёти автомобилӣ
02
Лизинги нақлиёти автомобилӣ

Имконияти олӣ барои мунтазам навсозӣ ва васеъ намудани парки нақлиётӣ, бидуни аз гардиш хориҷ кардани маблағҳои калон.

Лизинги таҷҳизот
03
Лизинги таҷҳизот

Мо пешниҳод менамоем, ки таҷҳизотро барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ба лизинг гиред.

Лизинги панелҳои офтобӣ
04
Лизинги панелҳои офтобӣ

Гузариш ба энергияи барқароршаванда бидуни хароҷоти зиёди ибтидоӣ. То 70% сарфаи неруи барқ.

Марҳилаҳо ва шартҳои шартнома

1

ПУР КАРДАНИ ДАРХОСТ БАРОИ ЛИЗИНГ

Мизоҷ дархостро барои лизинг пур намуда, онро барои баррасӣ ба мо мефиристад.

2

ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ МОЛИЯВИИ МИЗОҶ

Дар асоси маълумоти дархост мо хулоса дар бораи имконияти анҷом додани муомила мебарорем.

3

МУВОФИҚАКУНОНӢ ВА ТАСДИҚИ ШАРТҲОИ МУОМИЛА

Арзиши объекти лизинг, шартҳо, муҳлатҳо ва ҷадвали пардохтҳо мувофиқа карда мешаванд.

4

БАСТАНИ ШАРТНОМАИ ЛИЗИНГ

Шартномаи лизинг байни лизингдиҳанда ва лизинггиранда баста мешавад.

5

БАСТАНИ ШАРТНОМАИ ТАЪМИНОТ

Лизингдиҳанда бо таъминкунандаи объекти лизинг шартномаи таъминот мебандад.

Ирсоли дархост барои лизинг
Бо пахш кардани тугма, шумо розӣ мешавед босиёсати махфият
Лизинг бе гарав аз 3 то 36 моҳ | Эсхата Лизинг